Events

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Сафорат

Рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Брюссел ба ифтихори таҷлили Рӯзи ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Подшоҳиҳои Белгия ва Нидерланд  таҳсил мекунанд, вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ донишҷӯёнро табрик намуда, ба онҳо дар бораи таҷлили “Соли ҷавонон” дар кишвари азизамон ва “Рӯзи ваҳдати миллӣ” – санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон,  дастовардҳо ва нақшаҳо барои рушди Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС, Иттиҳоди Аврупо ва ташкилотҳои байналмилалӣ сухан ронд.

Зикр шуд, ки баъд аз истиқрори сулҳи тоҷикон ҳамкориҳо ва равобити судманди Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа амалӣ гардид ва сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар гардид. Дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кардани Тоҷикистон ва мунтазам боло рафтани эътибору манзалати он, ҳамчунин раванди пурпечу ноҳамвори дастёбӣ ба сулҳи фарогир аз нақши волои дипломатияи тоҷик дар партави иқдомоти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони осоишта дарак медиҳад, ва ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад.

Бо такя ба суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат  нисбат ба ҷавонон, таъқид шуд, ки имрӯз ҷомеаи кишвар ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик таҳавуллоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ  сахт эътимод дорад ва ҷавонон бояд ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи илму дониш, омӯхтани технологияҳои нави ҳозиразамон, азхудкунии таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ва баъд аз баргаштан ба Ватан гузоштани саҳми бевоситаи худ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

 

Мусобиқаи футбол бахшида ба “Соли ҷавонон”

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия рӯзи 21 майи соли ҷорӣ мусобиқаи футбол бахшида ба “Соли ҷавонон”дар шаҳри Брюссел доир гашт. Дар мусобиқа дастаҳои футболи Сафорат ва донишҷӯён аз Белгия ва Нидерланд ширкат варзиданд.

 

Намоишгоҳи байналмилалӣ дар “Brussels American School”

Рӯзи 13 майи соди ҷорӣ дар муассисаи таҳсилотии “Brussels American School” Рӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, дар он намоиши расму оин ва намоиши таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва анъанаҳои халқҳои ҷаҳон барузор гардид.

Дар он дар қатори дигар таҳсилкунандагони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактаби мазкур таҳсил менамоянд, фаъолона иштирок намуданд.  Дар ин чорабинии фарҳангӣ намояндагони зиёда аз 15 кишвари олам фарҳанги хешро муаррифӣ намуданд, ва мактаббачагони тоҷик низ дар ҳамбастагӣ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниро бо таомҳои миллӣ, таърихи аҷдодӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон шинос намуданд. Аз ҷониби мактаббачагони тоҷик намоиши слайдӣ ва видеоӣ оид ба таъриҳ ва дастовардҳои Тоҷикистон, инчунин рақси миллӣ низ пешкаш гардид.

Наврӯзӣ дар Нидерланд

8 апрели соли 2017 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии Конуни тоҷикон ва форсизабони Рӯдакӣ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Подшоҳии Нидерланд маросими бошукӯҳи таҷлили ёдгори ниёгон – Наврӯзи оламафрӯз бо ширкати теъдоди зиёде аз тоҷикони бурунмарзии сокини ин кишварҳо, ҳамсоягону ҳамзабонон аз аҳли Эрону Афғонистон баргузор гардид.

Дар толори тибқи суннату ойинҳои наврӯзӣ орододашуда нишасту гуфтугӯи судманду шавқангезе дар фазои моломол аз назму оҳангҳои волои порсигӯён, ҷанбаҳои фарҳангиву тамаддунии Наврӯз, нақши омили ҳамбастагиву ҳамдилиро ифо намудани ин ҷашни куҳанбунёд, ва дар ҳолати боиси нигаронӣ ва мураккаб будани вазъият дар арсаи байналмилалӣ зарурати ҳамкориҳои судманд байни кишварҳои Бенилюкс ва Тоҷикистон ва дар ин ҷода саҳми бештар гирифтани ҳамватанону ҳамзабонон таъкид гардид.

Ба пайравӣ аз анъаноти неки наврӯзӣ дар маросими таҷлил мушоираву байтбарак ва суханрониҳои аҳли қалами порсигӯёни сокини кишварҳои номбурда садо доданд.

Зимни ба ҳозирин расонидани табрикоту шодбошҳои наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода ба ибрози беҳтарин таманниёти солинавии аҷдодӣ ба ҳамагон дар роҳи амалӣ гардидани орзуҳои ормонӣ, ҳамкориву ҳамёрии боровару бештар комёбиву дастовардҳои навин орзу кард.

Маҳфили дилангези Наврӯзро гуруҳи ҳунармандони шинохта бо сарварии Парвина Юсуфӣ ва Ноҳиди Зайналпур  бо суруду таронаҳо ва рақсҳои зебои тоҷиконаи наврӯзӣ зеб доданд.

(Visited 135 times, 1 visits today)