Муколама миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

IMG_ТЕКСТ_896118 майи соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи сеюми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

Зимни Муколама иштирокчиён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои рузномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муштарак, мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро матраҳ карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд.

(Visited 34 times, 1 visits today)