Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

Сӯҳбати ихтисосй бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандй ва дахолати нерӯҳои хориҷй ба он.

Муҳтарам акои Саӣуалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд уумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо огози уати шаҳрвандӣ ба уониби ИНОТ гузаштед?

Ман, Сияҳаков Сайҷалол Шашевич, 30-юми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамон маҳал хатм кардам. Муддате чанд (1976- 1979) дар системаи комсомол кору фаъолият намуда, то вазифаи мудири шуъбаи ташкилй расидам. Аз соли 1979 то 1980 шунавандаи курсҳои яксолаи Мактаби олии КБД ИҶШС (КГБ СССР) дар ш.Мински Белорусия буда, баъд аз хатми ин муассисаи таълимии махсус (с.1980) ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН дар н.Фархорбудаи РКБД дар в.Кӯлоб таъин шудам. Соли 1984 ба Шуъбаи 5-уми РКБД дар в.Кулоб гузашта, то соли 1988 кор кардам. Сипае, аз соли 1988 то 1992 ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН Ванҷбудаи РКБД дар ВМКБ фаъолият намуда, дар асоси ротатсия моҳи декабри соли 1992 ба ҳайси ваколатдори калони ШН дар н.Ҷиликулбудаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар в.Хатлон таъин мешавам. Аммо, бинобар оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби кишвар, зери таъсири рӯҳӣ-равонии мубаллиғони ҲНИТ ва ҳамқавмҳоям (мардуми «вахёчй») бо ИНОТ пайвастам ва хатти сарҳади давлатиро убур намуда, ба самти ҶИА фирор намудам.

Бо назардошти корманди маҳомоти амнияпг буданатон оё роҳбарияти ИНОТ б а Шумо эътимод доштанд?

Не. Ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кулли ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумогҳои ҷолиби диққати мақомоти бехатарй шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён муддатҳои тулонй аз ман, хамчун «одами КГБ» канораҷӯй мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд.

Баъд аз таъсис додани Созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон (САМНИТ) Ҷумабеки Салом, (лаҳабаш «Холид», соли таваллудаш тахминан 1958-1960, зода ва истиҳоматкунаидаи деҳаи Пилдони ноҳияи Аахш, аӣни ҳол бо аҳли хонаводааш дар Ҷумҳурии Киргизистон ҳарор дорад)-ро ба ҳайси роҳбар ва ману Султони Ҳамад, собиҳ корманди амнияти бехатарии ҶТ-ро ба ҳайси муовинони роҳбари САМНИТ таъин менамоянд.

«Холид» кӣ буд ва чаро маҳз ӯро роҳбари САМНИТ шаъин намуданд?

«Холид» (Ҷумабеки Салом)-ро маҳз ба хотири он, ки яке аз нафарони эътимоднок ва «дасти рост»-и Саид Абдуллоҳи Нурй ба ҳисоб мерафт, роҳбари САМНИТ, ба ибораи дигар гӯем «вазири амният» таъин намуданд. Дар асл ӯ ягон рӯзе ҳам дар мақомотҳои амниятй кор накардааст.

Оё мумкин асш, ки нафари дур аз соҳаро роҳбари соҳа монд? Инро дигар наҳзашиҳо чи хел ҳабул карданд? Ии магар барои худи онҳо хавфнок набуд?

Он ҷо демократия набуд, ки «қабул мекунед ё не?». Чи гапе, ки роҳбарияти ҲНИТ мегуфт, ҳамон мешуд. Аз оне, ки «Холид» савияи дониши тахассусии амниятй надошт, ҳамаро зулм мекард. Қариб ҳамаи муҳоҷирини гурезаро аз ғелбор мегузаронд. Дар шахсияти дилхоҳ одам ӯ метавонист «агенти амният»-ро «ошкор» кунад ва хукми онро содир намояд. Аз худи наҳзатиҳо нафарони зиёде омода буданд, ки ӯро бикушанд.

Агар роҳбари САМНИТ допиши тахассусӣ ва таҷриба надошт, пае тарзи корбарӣ ва масъулиятҳои дигарро кӣ ва чӣ гуна ичро мекард?

Тамоми роҳу усул, тарзи корбарй, ҷобаҷокунии «кадр»-ҳо, содироту воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ, тамос бо ҳукуматҳои кишварҳои исломй, ташкилоту ҷараёнҳои террорист, дастраскунии яроқу аслиҳаро ба роҳбарияти ҲНИТ инструкторони эронй мефаҳмониданд.

Инструкторони эронӣ?

Бале, эрониҳо. Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА хукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террориста мубаддал намуд.

Ман ба як чиз ҳайрон будам. Дар Тоҷикистон-ку ҷанг нав cap шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рузғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, ба монанди «фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кившар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ (палаточные лагеря) гузошта буданд. Мардуми оддй аз ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорй мекарданд, ки гӯё будаанд одамоне, ки ғами моро мехурад. Бехабар аз он, ки………………………………………………..

Аммо ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакй тарҳрезй намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афгонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломй, мағзшӯй ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон – бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд.

Барои чунин иддао пеш овардан чӣ далел доред?

Далел? Ҳазорон далел дорам. Барои мисол, зери пӯшиши кормандони ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар» нафари эроние бо номи «Муродй» кор мекард, ки бо методу усули фаъолияти мақомоти бехатарй пурра шинос буд. Ҳарчанд назди дигарон иртиботи худро бо мақомоти истихборотй (разведкавй) ошкор намекард, ман ҳис мекардам, ки ӯ корманди хадамотҳои махсус аст. Зеро шеваи гуфтор ва рафтору кирдори ӯ нафари низомиро мемонд. Ба ҳар як масъалаи муҳим, аз ҷумла ба шахсияти нафарони шубҳанок, оиди вазъи сиёсй-ҳарбй ва иқтисодии ҶТ, дар хусуси қумондонҳои саҳроии фронти халкй ва ИНОТ (ҲНИТ) таваҷҷӯҳи хоса дошт, барои пурра кардани маълумоти андак, пахдӯҳои дигари онро аз ман пурсуҷӯ мекард. Бо мақсади ба боварӣ даромадан ҳатто кӯшиш мекард, ки бо лаҳҷаи мардуми муҳоҷир муошират кунад. Ин хоси одамони амниятист! Инро мехононанд.

Боре ба ман, роҳбарамон «Холид» гуфта буд, ки оғои Муродй аз ӯ ва дигар роҳбарони ҲНИТ тамоми маълумотҳо, аз ҷумла, иқтидори низомй, нафарони далеру нотарс, ҷанговарони худкуш ва ғайраро ба тафсил пурсон мешавад, дар китобаш қайд мекунад, шабҳои дароз таҳлил мекунад ва ба Маркази худ иттилоъ медиҳад.

Ин малумотҳо, ки ба ҳавли Шумо, аз уониби оцои Муродй ба «Марказ» фиристода мешуданд, дар чй коре ва ё тасмиме истифода мешуданд?

Худ қазоват кунед. Ташкилоти «Ҳилоли аҳмар», ки вазифаи асосияш таъмини мардуми камбизоат ва фирорй бо маҳсулотҳои ғизоиву доруворй бошад, ба размандагони маргталаб, вазъи сиёсиву ҳарбй чй сару коре дорад?? Ҳаминро гуфтаниям, ки маҳз хулоса ва қарори хадамоти махсуси Эрон буд, ки Ризвон Сидирови қумондони саҳроии ҲНИТ- яке аз манфуртарин ва хунхортарин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандиро барои нотарсиву ваҳшонияти хосаш «Амир» интихоб намуда, ба ҶТ равон карда буданд. Агар ёдатон бошад, Ризвон ба Ғарм омада, байрақи «Ҷумҳурии исломии Рарм»-ро зада буд. Бунёди ҷумҳурии исломй ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагарой»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамотҳои махсусаш амалй мекард. Огои Муродй тавассути Давлат Усмон (яке аз роҳбарони ҲНИТ, собиҳ муовини сарвазири ҶТ аз рӯи квотаы 30%), ки ҷабҳаи «муҷоҳиддини ғармиву ҳоитй»-ро сарпарастиву назорат мекард, инчунин маблағҳои ҳангуфт бо асъори доллари ИМА ба гурӯҳи кумандонҳои водии Рашт медод.

Маблагхоро кӣ медод ва интиҳоли онҳо чи тавр сурат мегирифт?

Маблағро эрониҳо бебаркаш медоданд. Боре, солҳои 1993-1994 барои интиқоли маблағ Эшони Сайидакобир (с.т.1951-1952, зода ва истицоматкунандаи н.Пану, яке аз нафарони бонуфузи ҲНИТ ва шахси эътимодноки С.А.Нурӣ), пинҳонй ба Тоҷикистон сафарбар карда шуда буд. Ба фикрам мақомотҳои амниятии кишвар ӯро боздошт намуда, дубора ба Афғонистон фиристода буданд. Зеро баъди бозгашт рӯҳияи ӯ дигар гашта, дамфурубурда шуда буд. Баъди бозгашт, ман ҳамчун корманди амниятй (манзур САМНИТ) ӯро мавриди пурсупос қарор дода будам. Ӯ ба ман гуфт, ки «акаи Сайҷалол, ran байни худмон мона, ростша бгем, ҳама аҳмақй аз худмон гузашта буд, ина акнун муттаҳами эрониву паштунй шуда, сарсон меегардем. Тоҷикистон рафтум, дилум реш-реш шид. Гуфтм дига наём. Бимирам гуфтам ҳам, дар хоки диёрам мирам. Лекин чй чора, ки худкардаро дигар ҳоҷат нест».. Инро гуфту гирист…

Он ваҳтҳо, ки телефони мобилӣ набуд, чӣ тавр барои вохӯриҳо дар ҶТ маслиҳат мешуд?

Ин чиз барои мо аллакай муҳайё шуда буд. Чи тавре, ки боло ишора кардам, эрониҳо тамоми роҳбарияти ҲНИТ-ро бо техникаву таҷҳизотҳои мавҷпахшкунанда ва мухобараҳои замонавй таъмин карда буданд. Ип таҷҳизотҳоро Сайидаҳмад Нажмиддинов (аз ҳисоби квотаи 30% баъди истикрори сулҳ муовини вазири алокаи ҶТ таъин шуда буд) идора мекард ва мо (кули роҳбарияти САМНИТ ва ХНИТ) аз Афғонистон бо муҷоҳиддини дар Тоҷикистон қарордоштаи ҲНИТ, аз ҷумла Резвон Садиров, Ш.Искандаров, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигарон ба алоқа мебаромадем.

Роҳбарияти ИНОТ бо хадамоти махсуси Эрон танҳо дар сатҳи машварату тавсия ва роҳу усулҳои корбарӣ ҳамкорӣ доштанд? В а аз нигоҳи Шумо, дастгириву ба Тоуикистон фиристодани размандагон ва дигар чеҳраҳои ИНОТ чӣ ҳадафҳоеро ба дунбол дошт?

Роҳбарияти ИНОТ сари ҳар масъала бо оқои Муродй маслиҳат карда, барои ташкил намудани горди ҷангй дар ҳудуди ш.Қундуз маблағ ва муҳимоти ҷангй дархост намуда буданд. Ҳамин тариқ, аввалин горди ҷангие, ки бунёд шуд ва дар аввал беш аз 250 разманда дошт, баталёни ҷангии «Хандақ» зери роҳбарии М.Зиёев (ҷага) ва Ҳаким Қаландаров таъсис дода шуд. Баъдтар теъдоди ин баталон аз 500 нафар ҷанговар гузашта буд. Чи тавре, ки худ аллакай дарк кардед, ин ҷо тавсия не, натиҷаи воқей аст!

Ҳамин ҷо бояд қайд намоям, ки тамоми ҷабҳаи мухолифин, аз ҷумла қаноти «размандагони панҷй» маҳз ба Мавлавй Маҳмадалии панҷй, ки дертар раиси муҳоҷирини точик дар Афғонистон таъин гардида буд, итоат мекарданд.

Оё худи Шумо низ бо оқои Муродй ва ё дигар намояндагони хадамоти махсуси Эрон дар он аӣёл1 вохурдаед ё ин ҳамаро ҳалшн хел тахмин мезанед?

Замоне, ки ман муовини роҳбари САМНИТ будам, «Холид» ва Султони Ҳамад борҳо аз ман хоҳиш намуда буданд, ки бо Муродй вохӯрам ва ба гуфтаҳои ӯ розӣ шавам. С.Ҳамад доим мегуфт, ки «агар дар ҳамкорй бо оғои Муродй розй шавй, болои доллар мегардй..». Якум ин ки, Муродй мехост тамоми маълумотҳои вобаста ба вазъи сиёсй, иҷтимой, ҳарбии муҳоҷирон сараввал ба ӯ пешниҳод карда шуда, сипас амалй карда шавад. Дуввум ӯ мехост, ки ман низ барои гузаштани курсҳои 6-моҳа ба Эрон сафарбар шавам. Аммо, ман ба ин пешниҳодҳо розй нашудам ва боре ҳам ба Эрон сафар накардам. Зеро хуб медонистам, ки бо ин роҳ хадамотҳои махсус ҳатман маро ба ҳамкории махфй, ҳамчун «агент» ҷалб хоҳанд кард.

Яъне шумо, намояндагони САМНИТ низ зери итоати хадамоти вижаи хориуй кор мекардед?

Бале, ҳамин хел буд. Зеро, Ҷумабеки Салом ва Султони Ҳамад чандин маротиба курсҳои 2-моҳа, 6 моҳа ва қутоҳмуддатро дар Эрон гузаштаанд. Баъди бозгашт вазъи молиявӣ-иқтисодии онҳо хеле хуб гашта, имтиёзҳои зиёдеро аз ҷониби оғои Муродй соҳиб мегаштанд.

Илова бар ин, дар 1 ҳафта қариб 4-маротиба Султони Ҳамад схемаву нақшаҳои махфй, тартиби ҷалбкунй, вазъи сиёсии ҶТ ва дигар давлатҳои СССР, инчунин дигар маълумотҳои хоси мақомоти амниятро дар варақаҳои алоҳида тарҳрезӣ намуда, дар торикии шаб, тавассути автомобил ҳамроҳ бо ман ба назди Муродй рафта, ба ӯ пешниҳод мекард. Аз ман хоҳиш мекард, ки то аз назди Муродй баргаштан дохили мошин бимонам ва берун набароям.

Чеҳраҳои бонуфуз ва роҳбарони ИНОТ низ ба «курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат»-е, ки ишора намудед, ч^алб шуда буданд?

Ин тартиб (процедура)-и ҳатмй буд. Ба ҳамин минвол, дигар нафарони бонуфузи ҲНИТ, ба монанди С.А.Нурй, М.Ҳимматзода, А.Тураҷонзода, Давлат Усмон, Домулло Абдуғаффори «танка», Амриддин Табаров (.мулло Амриддин), Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулй, Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ, Эшони Давлатхуҷаи қумсангирй, Гадоев Мирзоназар Убайдович, Гадоев Мазҳариддин Убайдович, Сияров Нусратулло Нодиршоевич ва дигарон низ пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсусро мегузаштанд. Ҳамаи ин аз ҷониби огои Муродй назорат карда мешуд. Охирин аз ҳисоби роҳбарият ва сатҳи миёнаи ҲНИТ шабакаи васеи агентурии худро ташкил карда, онро роҳбарй мекард.

Метавонед дар бораи ощое, ки исмашонро зикр кардед, каме тафсилот диҳед, чунки шахсияти баъзеи онҳо ба оммаи васеъ номафҳум аст??

Албатта, Домулло Абдуғаффори танка (аз маҳаллаи «Южный»-и ш.Душанбе) бо ваҳшониятҳои зиёд ном бароварда буд, ба ҳеҷ кас раҳм надошт, бо ҳар усул одамро қатл мекард. Тахминан баҳори соли 1993 дар ш.Толиқон дар бадани як муҳоҷири тоҷик, ки бечора замони Шуравӣ зиндонй шуда будааст, акси бо сузан куфташуда (наколка)-и Ленинро пайдо мекунанд. Домулло Абдуғаффор ин нафари мазлумро бо як бераҳмии махсус, рехтани оби ҷӯшомада ба даҳон ва баданаш, ба қатл мерасонад;

  • Амриддин Табаров (мулло Амриддин) низ аз нафарони бовариноки С.А.Нурй ба шумор мерафт, дар баъзе масоил фикру ақидаи худро озод баён мекард, аз касе наметарсид, хислаган хомуш ва хатарнок буд, бо оғои Муродй алоқаи зич дошт, сипас бо супориши ӯ гуруҳеро таъсис дод бо номи «Ансоруллоҳ» ва ба самти Покистон сафарбар гардид. Бояд донист, ки «Ансоруллоҳ» ҷузъи ҷудонашаванда, кисми ҲНИТ мебошад. Онҳо тифли як падару модаранд;
  • Домулло Маҳмадрасули Саъд (ҷиликулӣ)- аз размандагон ва стратегҳои нодири ҲНИТ ба шумор мерафт, робитаашро бо дигар қумондонҳои саҳроии афғону покистонй мустаҳкам карда буд, мактаби диверсантиро гузашта буд;
  • Эшони Давлатхуҷаи панҷй – соли таваллудаш тахминан 1961-1965, падараш собиқ раиси ноҳияи Панҷ, баъд аз гузаштани курсҳои 6 моҳа дар Эрон бо тавсия ва дастури оғои Муродиву ҲНИТ аъзои САМНИТ мешавад. Бо шеваю усул, тактикаи кор бо агентура, корҳои оперативй ва чорабиниҳои махсус шинос шуда буд. Гарчанде курсҳои 6 моҳаро гузашта бошад ҳам, дар самти амниятӣ тасаввуроти кофй надошт, кундзеҳн буд;
  • Эшони Давлатхуҷаи қумсангирй– аз муллоёни донишманд буд, дар қатли одамон зиёд иштирок мекард, хислатан ҳушёру зирак буд, дар Ҳукумати фирории ИНОТ-и дар Афғонистон таъсисёфта вазири таблиғот таъин шуда буд;

Домулло Муҳаммадии қумсангирй – яке аз нафарони бонуфузтарин дар ҲНИТ, аз олами дин буд, маҳорати ораторй дошт, дар муошират ҳамсуҳбатро ба осонӣ ба худ ҷалб мекард.

Баъдан баҳсе ҳам пайдо шуда буд, ки кадомеро ба ҳайси роҳбари кулли ИНОТ таъин намоем, С.А Нурй ё Домулло Муҳаммадии қумсангириро. Маҳз ба хотири оне, ки охирин «ҳоитй» буду аз қавми «Вахё» набуд, роҳбари кулл интихоб нагардид;

  • Роҳбари мавлавиҳои н.Панҷ, як нафар ӯзбактабор, ки ному насабашро ба ёд оварда натавониста истодам. Он кас аз хунхортарин муҷоҳидон ба ҳисоб мерафт, қавл дода буд, ки «барои ҷорй намудани қудрати ҲНИТ, омода аст Тоҷикистонро дар хун тар ва онро пора-пора кунад»;
  • Сайидҷалол (номы падарашро фаромуш кардам)- аз қишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, соли 1994-1995 аз гурӯҳи «Алй беспалый» ҷудо шуда, бо Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулй мепайвандад. Баъди истиқрори сулҳ бо квотам 30% ба сохтори Сарҳадбонон ворид шуда, дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Сутд кору фаъолият кардааст. Зери роҳбарии оғои Муродй кор мекард. Писараш дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст. Айни ҳол дар ФР қарор дорад;
  • Маҳмадалии Раис аз кишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, аъзои фаъоли ҲНИТ, аз муридони С.А.Нурй ба ҳисоб меравад. Бо оғои Муродй ва дигар шаҳрвандони ҶИЭ дар алоқа буд. Курсҳои махсуси дарозмуддатро дар ҶИЭ гузаштааст. Баъди истиқрори сулҳ бо баҳонаи «роҳсоз» ба ш.Шибирғони ҶИА рафта буд;
  • Исоев Султон (корӣ Султон), – с.т. 1959-60, зода ва собиқ истиқоматкунандаи деҳаи Қаирмаи с\з Тоҷикистони н.Қубодиён, яке аз аъзоёни фаъоли ИНОТ ва ҲНИТ. Айни ҳол дар СММ (ООН) кору фаъолият намуда, дар Швейтсария иқомат намуда истодааст. Сарватмандтарин нафари ҲНИТ ба шумор рафта, дар фаъолияти тахрибй ва зиддитоҷикистонии ҲНИТ дар хориҷи кишвар маблаггузорй мекунад. Фарзандҳояш муассисаҳои олии Аврупоро хатм кардаанд.

Мустафой наҳзатй- с.т. 1964-65, зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Турманистони н.Вахш, яке аз «қассобон»-и ҳаммоми «Туркманистон», самти амалиётҳои махсуси ҷангиро дар сохтори ИНОТ ба ӯхда дошт. Хамроҳ бо гуруҳи худ, Қаҳрамони ИҶШС, иштирокчии ҶБВ – Қосим Ҳайдаровро танҳо барои бо муҷоҳиддин напайвастанаш ваҳшиёна ба қатл расонидааст.

Оё дар Афгонистон буданд нафароне, ки муҳоуирон ва ё роҳбарияти ҲНИТ-ро аз эҳтимоли гумроҳӣ ҳушдор диҳанд? Тоҷикони муцимӣ нисбаши фаъолияти САМНИТ чӣ гуна муносибат доштанд?

Бояд қайд намоям, ки ҲНИТ тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ки Ҳукумати ҶТ-ро сарнагун сохта, сохтори низоми исломиро дар Тоҷикистон ҷорй намояд. Барои амалй шудани ин ҳадаф ҳатто аз доираи хешу табор ва авлоди Амир Олимхони мангити туркнажот, ки дар Афғонистон сукунат доштанд, даъват ба амал меоварданд, ки барои «ҷиҳод» алайҳи кофарон бо онҳо бипайванданд.

Боре, чандин нафар аз қавми Амир Олимхон, Иброҳимбеки босмачии лақай ва як гурӯҳ тоҷиктаборони замони инқилоб фироригашта ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда, даъват карданд, ки «равед ба Тоҷикистон, сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед… То ҳол моро, ки беш аз 80 сол ин ҷо муқимй гаштаем, «мардуми гуреза» ном мебаранд. Нагузоред, ки бо шумо низ чунин кунанд..». Минбаъд, куҷое, ки ин мардум пайдо мешуд, намояндагони ҲНИТ ва навкарони оғои Муродй онҳоро пеш мекарданд. Намегузоштанд, ки ин ақида миёни муҳоҷирин паҳн гардад.

Таври маълум, фаъолият ва миссияи тагикилоти байналмилалии «Ҳилоли аҳмар» ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи гизоӣ ба мардуми ниёзманд аст ва ҳароргоҳи аслии ин созмон ҳам дар Аврупо мебошад. Аммо, Шумо ишора кардед, ки хадамоти махсуси Эрон аз номи ин тагикилоти бонуфуз суйистифода карда, фаъолияташро зери ниқоби он иуро менамуд. Ин хадамоти махсус боз нӣ корҳоеро дар самти Точркистон ануом медод?

Бояд қайд намоям, ки ташкилоти байналмилалй ва аслии «Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Мазори Шариф мустақар буд ва бо ташкилоти бофта ва ҳамноми кишвари Эрон дар шаҳри Толиқони Афғонистон ягон алоқамандие надошт. Офиси асосии «Ҳилоли Аҳмар»-и ҶИЭ дар шаҳри Толиқон буд ва намояндагони ин «ташкилот» мунтазам бо мақсади аёдат ба кампҳои мӯҳоҷирини тоҷик ба дигар шаҳру навоҳй (Хонобод, Қундуз) сафар мекарданд. Кормандони «Ҳилоли Аҳмар»-и Эрон аз вохӯрй бо намояндагони ташкилоти аслии «Ҳилоли Аҳмар» меҳаросиданд. Аз онҳо мегурехтанд.

Оғои Муродй бо толибони покистонй дар тамос буд. Тавассути имкониятҳои Маркази худ аз миёни тоҷикписарони муҳоҷир қисматеро барои гирифтани таълими динй-диверсионй ба мадрасаи «Ибитобод», воқеъ дар сарҳади Кашмир ва шаҳрҳои Исломободу Карочии ҶИП интиқол медод. Яке аз мударрисони онҳо, ки бо огои Муродй дар алоқаи пайвастагй қарор дошт, «Араб-Башир» ном дошт. Номбурда ҷисман обутобёфта буда, дар намуди «каратэ» ва «футбол» ҳамто надошт. Тахминан солҳои 1998-1999, бо истифода аз имкониятҳои ҲНИТ зери пӯшиши «тиҷорат», аммо дар асл барои корҳои таблиғотй ба Тоҷикистон омада буд.

Араб-Башир, ки бо маблағи калон ба ҶТ омада буд, мехост тиҷорат кунад ва аъмоли худро пеш барад. Аз ин танҳо роҳбарияти ҲНИТ огоҳ буд, ногаҳон дар назди хонаи ба иҷорагирифтааш дар ш.Душанбе ба қатл расонида шуд.

Яке аз шогирдон ва нафари боэътимоди Башир – Собир ном шаҳрванди ҶТ, собиқ аъзои фаъоли ҲНИТ аз деҳаи Сайёди н.Шаҳритуз ба ҳисоб мерафт. Номбурда айни ҳол ҳамчун адвокат дар ш.Душанбе фаъолият карда истодааст.

Мазмуни сӯҳбати Шуморо исботи дигарбораи таҳмилӣ будани уанги шаҳрвандӣ дар Тоуикистон аз уониби кишварҳои хориуй маънидод кардан мумкин аст…

Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломй ва ғайра зери пӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалй, ба монанди «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнй» ва ғ. яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии ҶТ арзёбй гардида, барои бунёди ҷумҳурии исломй ва сарнагун сохтани ҳукумати ҶТ саҳм гузошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро фаъолона ба роҳ монда буданд. Оқибаташон ба хайр бошад.

Оне, ки шумо иброз доштед, ваҳшатангез аст. Барои чй ин кадар ошкор сухан гуфтед. Аз уони худ, аз уони зану фарзанд ва наздикони худ магар андеша намекунед?

Мантики сухани Шуморо фаҳмидам. ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонанд. На аз куштори зан, кӯдак, хоҳар, бародар. Он лафзи ширине, ки ба истифода мекунанд, амалаш ҳамин аст. Медонам, бо ин мусоҳиба ман ба ҷони худ ва наздиконам хатари ҷиддй эҷод кардам. Аммо илоҷи дигар нест. Мардуми тамоми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, хушёр бошанд. Фаҳманд, кй кй ҳаст? Дигар ҳеҷ вакт фирефта нашаванд. Хонаи ободи худро насӯзонанд. Фирефтаи бегонагон нашаванд. Агар ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон далел мекобад, ҳамаро «тӯҳмат», «бӯҳтон» мегӯяд, ака марҳамат ман шоҳид, далел, самади ин «меҳрубониҳои» Эрон. Мисли ман садҳо шоҳиди дигар ҳаст. Пурсед, онҳо омодаанд, бо Шумо аз ин бештар маълумот медиҳанд. Дигар таваккал ба худо.

Барои изҳори андешаҳои далеронаву уасурона ташаккур!

Саломат бошед.

Мусоҳиб:

Носирҷон Маъмурзода, рӯзномаи «Хатлон»

Нашр шул дар хафтаномаи «Фараж» № 46 (572), чоршанбе\ 15.11.2017 с.

(Visited 6 times, 1 visits today)