Шаҳодатномаи бозгашт

Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 30 рўз дода мешавад.

Шаҳодатномаи бозгашт дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

– аризаи муроҷиаткунанда;

– маълумотномаи шўъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;

– асл ё нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон(дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ); Ё шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира Ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

– 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;

Ариза барои додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон:

шаҳодатномаи бозгашт(тоҷ.)

return certificate(русӣ)

(Visited 68 times, 1 visits today)