ТО ТАБАДДУЛОТ СЕ РӮЗ МОНДА БУД Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ намуд

Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ – экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ  дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ  зоҳир намуд, ки ба саволҳои шореҳи «Тоҷикистон» посух гӯяд.

 уҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб  қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?

-Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба њар  масъалаи мавриди бањс назарҳо гуногун мешаванд, аммо ваќте сухан дар бораи тасмимњои меъёрї-њуќуќї меравад, на њар кас ба онњо бањои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу бањогузорї хусусияти сиёсї, манфиатҷӯёна ва иѓвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханронињои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешањо саропо аз шиору даъватњои  мољарољўёна  иборат буда, маќсади асосиашон тањрифи воќеият мебошад. Даъвоњо пуч, холї аз санаду далелњо, ягон асоси њуќуќї надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танњо ба љанбаҳои њуќуќии  масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон иттињодияњои љамъиятї ва њизбњои сиёсї дар доираи Конститутсия ва ќонунњо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва њизбњои сиёсие, ки нажодпарастї,  миллатгарої,  хусумат,  бадбинии иљтимої ва мазњабиро тарѓиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зўрї сарнагун кардани сохтори конститутсионї ва ташкили гурўњњои мусаллањ даъват менамоянд,  манъ аст.

ЊНИТ  4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар љумњурї фаъолияташро оѓоз  кард.  Яъне, дар њамон давра, гурўње бо истифода аз њуќуќњои конститутсионии хеш муттањид шуданд ва њизби сиёсї ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онњо, даќиќтараш кирдору рафтори роњбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.

Новобаста ба ин, дар њошияи имзои  Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тоҷикистон, тибқи ќарори Раёсати Суди Олї аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ЊНИТ дар љумњурї аз нав иљозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба ќайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибќи оинномааш-њифзи истиќлолияти сиёсї, иќтисодї ва фарњангии Тољикистон, якпорчагї ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини вањдати миллї ва њамзистии бародаронаи халќњои Тољикистон амал мекард.

– Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?

 – Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.

–  Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?

– Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танњо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ЊНИТ љиноятњои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорњои ѓайриќонуниашон  ќарорњои  нињоии судї ќабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар љиноятњои дорои хусусияти экстремистї ва террористӣ, аз ќабили ташкили иттињодияњои љиноятї, иштирок дар иттињоди экстремистї, даъватњои оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионӣ ба љавобгарии љиноятї кашида шуданд.

Дар рафти тафтиши парвандаи љиноятї оид ба куштори 25 нафар хизматчии њарбии Вазорати мудофиаи ЉТ дар водии Рашт (соли 2010) аз љониби аъзои Иттињоди террористии “Љамъияти Ансоруллоњ” тањти роњбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакї” ва Рањимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ЊНИТ дар ноњияи Рашт Давлатов Њусниддин шахсан ба иттињоди террористї шомил гардида, њангоми дастрас намудани моддањои кимиёвї барои гурўњи мазкур, бањри омода сохтани воситањои тарканда, дастгир шудааст. Бо њукми Суди шањри Душанбе ў аз 21 январи соли 2011 барои  иштирок дар иттињоди љиноятї гунањкор дониста шуда, ба љазои мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 11 солу 6 моњ мањкум гардид.

Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин  фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали  дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.

Раиси бахши ЊНИТ дар шањри Хоруѓ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттињоди муташаккили љиноятї шомил шуда, моњи июли соли 2012 дар бетартибињои оммавї, ки дар шањри Хоруѓ ва ноњияњои атрофи он сурат гирифт, бо истифодаи силоњи оташфишон – автомати тамѓаи “Калашников” ва норинљак ба намояндагони њокимият муќобилияти мусаллањона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалњои ѓайриќонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибињои оммавї, иштирок дар иттињоди љиноятї, ѓайриќонунї нигоњ доштани яроќи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба њаёт хавфнок нисбат ба намояндагони њокимият ба љавобгарии љиноятї кашида шуда, бо њукми Суди Олї  аз 10 майи соли 2013 ба муњлати 18 сол аз озодї мањрум карда шуд.

Роњбари шуъбаи вилоятии ЊНИТ дар ВМКБ Мањмадризоев Сабзалї бошад, 24 июли соли 2012 њангоми њуљуми мусаллањона ба кормандони мақомоти њифзи њуќуќ безарар гардонида шуда, автомати  тамѓаи “Калашников” ва таппончаи тамѓаи “Макаров”-и ба ў тааллуќдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амалҳои террористӣ ҳамчунон бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноӣ тасдиқи худро ёфтаанд.

Аъзои фаъоли ЊНИТ дар шањри Исфара Шарипов Мукаррамхўља, Шарипов Муссаямхўља ва Турсунов Абдумубин моњи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Њизби исломии Туркистон” Ќаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиќро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар љиноятњои махсусан вазнин дар кофтукови маќомоти њифзи њуќуќ ќарор доштанд, дар манзили истиќоматии худ пинњон карда, худашон низ ба ин иттињоди љиноятї шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповњо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо њукми Суди вилояти Суѓд барои содир кардани амалњои љиноятиашон мањкум  карда шуданд.

11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шањри Норак дар кўпруки дењаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии “Давлати исломї”-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурўњ 5 нафарашон, яъне Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Ќ., Хољамуродов Т. ва Љ. Абдуллоев аъзои ЊНИТ буда, ин амалњоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсї ва динї, халалдор сохтани амнияти љамъиятї ва тарсонидани ањолї содир кардаанд. Дар ин амалњои ѓайриќонунї Манонов Ќурбон роњбари ЊНИТ дар шањри Норак алоќаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми Суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

– Шумо ҷиноят ва ҷинояткоронеро зикр намудед, ки фаъолияти онҳо метавонад ба ҲНИТ иртиботе надошта бошад.

– Рафти баррасии парванда собит намуд, ки аз ин роҳбарияти ҲНИТ на танҳо огоҳ буд, балки онро раҳнамоӣ мекард. Агар чунин нест, пас чаро амали онҳоро маҳкум накард? Ман метавонам аз ин бештарро гӯям.

-Аз ҷониби  Муњиддин Кабирї, дигар аъзои Раёсати Олии ЊНИТ дар ҳамдастӣ бо собиќ муовини вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон Назарзода Абдуњалим Мирзо аз њисоби собиќ размандагони Иттињоди нерўњои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўњњо тибќи наќшаи тарњрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муњими давлатї њуљуми мусаллањона намуда, фаъолияти онњоро зери итоати худ ќарор дињанд.Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноятӣ наќшањои тарњрезишудаи њуљуми ин гурўњњои љинояткор ба иншоотњои махсусан муњими давлатї, аз утоќњои кории муовинони раиси ЊНИТ Њисайнов Умаралї Фатоњович ва Њаитов Мањмадалї Рањмонович, воќеъ дар суроѓаи шањри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд.Тибќи наќшаи мазкур, бояд як гурўњи 40 – нафараи мусаллањ аз ду тарафи бинои Ќасри миллат, як гурўњи 25 – нафара ба бинои Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, як гурўњи 30 – нафара аз се тарафи бинои Вазорати корњои дохилӣ, як гурўњи 25 – нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўњи 40 – нафара ба Фурудгоњи шањри Душанбе ва дигар гурӯњњои љиноятї ба биноњои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди љиноятњои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тољикистон, ТВ “Бањористон”, Раёсат ва шуъбањои ВКД дар ноњияњои шањри Душанбе ва шуъбаи корњои дохилии шањри Вањдат њуљуми мусаллањона анљом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

-Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ доштАйнан хабари сомонаи Payom net”- ро, ки тааллуқ ба ҳизби мамнуъҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот ред.) даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”.

Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар овардани далелҳо ба сохтакорие роҳ доданд?

 – Аз як ҷониб нишондоди Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам”” (https://www.youtube.com/watch?v=2NZE NwGu1U). Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ, пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелњо оид ба парвандаи љиноятї маълумоти воќеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онњо суд, прокурор, муфаттиш, тањќиќбаранда бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ мављуд будан ё набудани кирдори барои љамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани њолатро оид ба парвандаи љиноятї ва њолати дигари барои њалли дурусти парванда ањамиятдоштаро муќаррар мекунанд (моддаи 72 КМЉ ЉТ). Мана чист далел!? Боз чи гуна далелу исбот лозим.

Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд. Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки  дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Ба ӯ ва пуштибонони хориҷиаш боз чӣ далел лозим аст? Мисоли мустақими дигаре меорам: дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли  2015, тавассути сабтњои аудио-видеоӣ ва нишондодњои шоњидон исбот карда шуд, ки 1-уми сентябри соли 2015 писари Кабирӣ  Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, ронандаи Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Тешаевич шавҳари хоҳари ҳамсари М.Кабириро ба хонаи худашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Хайрулло Мирзоев, гузаргоҳи 3-юм, хонаи 69 даъват намуда, супориши падарашро мерасонад, ки ба бинои ҶСП “Бинокорсервис” (ширкати худи М.Кабирӣ) рафта, ба шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич, зодаи ноҳияи Файзобод, писари аммаи М.Кабирӣ, директори ҶСП “Бинокорсервис” ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, бародари ҳамсари М.Кабирӣ, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати номбурда расонад, тамоми маблағҳои дар ихтиёрашон қарордоштаро ҷамъоварӣ намоянд. 2-юми сентябри соли 2015, худи Р.М. Тиллозода бо ҳамроҳии Сайфов Ҳ.Т. ба  ҶСП “Бинокорсервис” меравад. Маблағи 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро аз Ҷ.И. Нарзуллоев ва М.Т. Раҳматуллоев гирифта, дар шоҳидии се нафар сейфи ба худаш тааллуқдоштаро кушода, маблағи 1 миллиону 180 ҳазор сомониро аз он ҷо берун меорад. Сипас, ба Назарзода А.М. занг зада мегӯяд, ки тибқи дастури падараш маблағи баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст ва бояд ба ӯ диҳад. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Р.М. Тиллозода ва Ҳ.Т. Сайфов бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақами давлатиаш 7288 СА01, маблағи зикршударо ба хонаи А.М. Назарзода бурда, ба ӯ медиҳанд.

Мањз баъди гирифтани маблаѓи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибќи наќшаи љиноятии тањияшуда, даст ба содир намудани љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анҷом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.

А.М. Назарзода бо гурўњи њаммаслакони љиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва ќисми њарбии №17651 ѓайриќонунї ворид шуда, аз иншоотњои зикршуда силоњњои оташфишон, сару либоси њарбї ва лавозимотњои љангиро барои мусаллањ гардонидани аъзои иттињодияи љиноятї тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири ќисми њарбии № 08050-и  вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттињодияи љиноятиро дар мањаллаи собиќ “Хлебзавод” бо силоњњои оташфишони автомати тамѓаи АК, пулемёт, гранатомёт,  автомати тамѓаи СВД ва дигар лавозимоти љангї мусаллањ гардониданд.Ҳамзамон, ғайриқонунӣ ба ќисмњои њарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гашта, бо роҳи зӯроварӣ 180 адад силоњи оташфишони АК, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоњи оташфишони РПК-ро гирифтанд.

Баъдан, аъзои иттињодияи љиноятӣ ба кормандони маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, ки ба иљрои вазифањои хизматии худ, таъмини амнияти давлат ва шањрвандон машғул буданд, дар њудуди шањри Душанбе, ноњияи Рўдакї ва шањри Вањдат њуљуми мусаллањонаро амалї намуданд. Дар натиља, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ Д.Х. Саъдуллоев, Р.Х. Орипов, Д.Г. Буриев, А. Љобиров, И. Пиров, Н.А. Каримов, Ш.М. Шарипов, Д.Г. Ёров, М.Ш. Њасанов ва М.С. Саидов (10 нафар) ба њалокат расида, 7 нафари дигар љароњатњои вазнини љисмонї бардоштанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёте, ки аз ҷониби Назарзода сурат гирифт, қариб 50 нафар нобуд гашт. Ин ҷо ҳама талафоти ҷонӣ, фарзандони мардуми тоҷик ҳастанд.

Шумо парвандаҳои ҷиноятиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ – манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?

– Магар мисоли дар боло овардаам шаҳодат аз ин намедиҳад? Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва террористӣ, табадуллоти давлатӣ  доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост…”.

 Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зидди давлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ-ро огоҳ кардааст. Аммо чуни ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро  нодида мегирифтанд, афкори ҷомиаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кўшиш ба харљ медоданд, ки вањдати миллї, якпорчагї, соњибихтиёрї ва амнияти љамъиятиро дар Тољикистон тавассути содир намудани амалњои экстремистиву террористї барҳам зананд.

– Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?

 – Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред.), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони њамкории Шанхай, дар мувофиқат бо  Фењристи ягонаи созмонњои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотњои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.

8-уми июни соли 2016 љаласаи Кумитаи котибони Шўроњои амнияти давлатњои узви Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї (СААД), ки тањти раёсати Љумњурии Арманистон дар шањри Ереван баргузор гардид, рўйхати ташкилотњоеро, ки дар кишварњои узви СААД террористї ва экстремистї эътироф шудаанд,  мувофиќа намуда, ЊНИТ-ро дар ќатори чунин  созмонњои террористии байналмилалї, ба монанди «Ал-Ќоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоњ» ва ѓайра, тањти №65 ба он ворид намуд.

Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ЊНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористї ва экстремистї ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо љинояткории муташаккил дохил кард.

 – Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.

– Аз лињози талаботи моддаи 1-и Декларатсия «Дар бораи андешидани чорањо оид ба барњам додани терроризми байналмилалї», ки бо Ќатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 ќабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шўрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва эктремизм ҳаракатҳо ва амали ЊНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун  ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозињои геополитикї, њимояи манфиатњо аз љониби аксари ин кишварњо муносибатњои духўраро ба миён овардааст. Агар чунин љинояте њамсони амалкардњои нањзатињо дар кишварњои аврупої содир гардад, њамоно бо вокуниши сахти маќомоти салоњиятдор рў ба рў мегардад ва љазои сахттарин нисбат ба унсурњои љинояткор татбиќ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатњои худ ин кишварњо њатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористї рўй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.

Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.

– Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.

Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.

 – Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноятӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон аст.

– Мегӯянд, ки шумо таҳти фишор чунин қарор баровардед.

– Магар далелҳое, ки ман дар боло зикр кардам шаҳодат аз қарори зери фишор медиҳанд? Бо ин далелҳо ва боз даҳҳо далели дигар ҲНИТ-ро агар сад бор ҳам бандед, кам аст.

– Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегӯед.

– Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд.

Шояд як камбудӣ он буд, ки мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт?

Мурофиаи озод, паси дарҳои боз сурат гирифт. Дар он беш аз 70 рӯзноманигор  иштирок доштанд. Ҷои таассуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеиятро объективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти  террористони наҳзатӣ ва пуштибоно-нашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 

(Visited 1 times, 1 visits today)