Таҷлили Наврӯзи бостонӣ дар Брюссел

31 марти 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел маросими бошукӯҳи таҷлили Наврӯзи бостонӣ бо ширкати ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамзабонон, намояндагони аҳли илму фарҳанги кишвари иқомат баргузор гардид.

Дар оғози ҷашн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Иттиҳоди Аврупо ва СААШ Эркинхон Раҳматуллозода бо нахустсухане ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Бо ибрози табрикоту шодбошҳо ӯ орзу кард, ки Наврӯзи ҳуҷастапай ба кишвари маҳбуби мо, мардуми заҳматқарину шарифи он, ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва кулли порсигӯён шодиву нишот ва тавфиқу комёбӣ армуғон биёварад.

Аз ҷумлаи ҳозирин бархе ҳамватанон бо суханҳои хеш ба намояндаи расмии кишвар ҳамовоз шуданд.
Маросими зебои наврӯзиро таронаву арғуштҳои дилнишини дастаи ҳунарии муташаккил аз ҳамватанону ҳамзабонон зеб доданд.

(Visited 8 times, 1 visits today)