Тартиби судури шиносномаҳо

Тартиби судури шиносномаҳо

Аз  моҳи апрели соли 2016  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел  маркази маълумотҷамъкуниро барои таҳия намудани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд. Аз ин рӯ,   шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мӯҳлати шиносномаҳои хориҷиашон сипари шудааст/сипари мешавад, метавонанд ҷиҳати гирифтани шиносномаи биометрӣ ба Cафорат  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи биометрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • Аризаи шаҳрванд дар бораи гирифтани шиносномаи биометрии хориҷӣ;
  • ариза-саволнома бо имзои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндаи ваколатдори ў
  • 4 сурат 3.5х4.5
  • Шиносномаи хориҷӣ ва дохилӣ (асл ва нусха);
  • Иҷозати иқомат (резиденс карт / виза/корти донишҷӯӣ барои донишҷӯён;
  • расид дар бораи пардохти хироҷӣ консулӣ

Барои  шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба ҳуҷҷатҳои дар болозикршуда:

  1. Шаҳодатномаи таваллуд;
  2. Шиносномаи падару модар;
  3. Розигии падару модар барои гирифтани шиноснома (агар падар ё модар шаҳрванди хориҷи бошад);
  4. Шаҳодатномаи  ақди никоҳи падару модар.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи биометрӣ хироҷҳои зерин муайян карда шудаанд:

Барои шахсоне, ки синну солаш аз 16 боло – 100 евро;

Барои кӯдакони то 16 сола– 50 евро

Ариза-саволнома барои додани шиноснома:

ариза барои шиноснома(тоҷ.)

application for passport(русӣ)

(Visited 33 times, 1 visits today)