Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон – Форуми сармоягузорӣ дар Брюссел

Рӯзи 8 марти 2018 дар пойтахти Аврупо – шаҳри Брюссел дар Пажуҳишгоҳи аврупоии таҳқиқоти кишварҳои Осиё форуми сармоягузории кишвари мо зери унвони “Тоҷикистон: имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим  роҳбарони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия, Парлумони Аврупо, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, намояндагони ширкатҳои бузурги аврупоӣ дар бахшҳои гуногун ширкат намуданд.

Ҳамоиши сармоягузоронро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвари мо дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ҳусни оғоз бахшида, ширкаткунандагони нишастро хайрамақдам гуфт ва ба ҳамкории созандаву мутақобилан судманд байни Тоҷикистону аъзоёни Иттиҳоди Аврупо даъват кард.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо барномаи фарогири муаррифии имконоти сармоягузорӣӣ кишвар суханронӣ намуда, муҳимтарин бахшҳои сармояҷолиби Тоҷикистонро ба ҳозирин шинос кард. Зимни ин суханронии пурмӯҳтаво мушаххасоти бахшҳои муайяни иқтисоди миллӣ аз қабили саноати маъдан, соҳаи энерживу барқ, саноати нассоҷиву бофандагӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва ғайраҳо батафсил муаррифӣ шуданд.

Таваҷҷӯҳи вижаи ҳозирин ба бахши сайёҳӣ ҷалб карда шуд, ки дар солҳои охир афзоиши теъдоди сайёҳон аз Аврупо ва бахусус аз кишварҳои Бенилюкс  мушоҳида мешавад.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, барои беҳтарин имкониятҳои ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтори ин соҳа шароити мусоид фароҳам меоварад.

Филми махсус, ки доир ба сайёҳӣ ва имкониятҳои он дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, дар нишаст ба намоиш гузошта шуд ва барои ҳозирин хеле мароқовар буд.

Сипас Борис Ярошевич, роҳбари бахши Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, Шираз Каруи – Мушовири роҳбарияти Бонки сармоягузории Аврупо, Гуилим Ҷонс, роҳбари намояндагии Бонки рушду таҷдиди Аврупо дар Брюссел ва дигарон дар мавзуи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуда, тағйироту таҳаввулоти дар фазои сармоягузории кишвар ба амал омада, имтиёзоту тасҳилоти ба сармоягузорон ироашаванда ва зарурати ҳамкории босамар бо Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Нотиқони ҷаласа ба саволҳои саршумори ширкаткунандагон ҷавоб гуфта, таваҷҷуҳи онҳоро ба вазъи хеле хубе, ки дар фазои сармоягузории кишвар арзи вуҷуд кардааст, ҷалб намуданд.

Форуми сармоягузории Брюссел ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сармоягузории кишвар, ва алалхусу, бахши сайёҳии он иқдоми ҷиддиву созандае гардид.

(Visited 10 times, 1 visits today)