Раводиди электронӣ

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” – www.evisa.tj ба кор шурӯъ намуда, ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электронӣ ба даст оранд.

Системаи раводиди электронӣ “e-Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи онлайн гирифтани раводидро имконият медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё дар нуқтаҳои сарҳадӣ озод менамояд. Системаи нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи ҳузури сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёд гардонида, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Мо ҳамзамон, кӯшиш менамоем, ки вақтро эмин дорем ва машғулияти ҳайати кормандонро барои раванди судури раводид сабуктар намоем.

Дархосткунандагон раводидҳои худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ уҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати рад намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қаноатмандии дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар муҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.

(Visited 73 times, 1 visits today)