Мулоқот бо Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Намояндагии  Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Хидайет Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.

Дар чараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин татбиқи барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

(Visited 3 times, 1 visits today)