Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо

secretary15 феврали соли 2016 дар шаҳри Брюссел вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, изҳори назар намуданд.

Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи зикргардида Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.

(Visited 16 times, 1 visits today)