Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Люксембург

17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Асселборн вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Люксембургмуҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Люксембург солҳои 2004 ва 2011 баланд арзёбӣ карда, баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар абзори машваратҳои сиёсӣ таъсис карда шавад. Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бояд талошҳои муштарак амалӣ гарданд.

Мусоҳибон доир ба масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Люксембург дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули назаркарданд.

(Visited 9 times, 1 visits today)