Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел

28 майи 2019 ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) дар Брюссел ба вуқӯъ пайваст. Афғонистон барои ширкат дар Муколама ба ҳайси меҳмони махсус даъват шуда буд.
Ҷаласаи мазкур, ки дар пешорӯи қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт, масоили умдаи мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, бахусус хатару чолишҳои амниятиро дар минтақа ва берун аз он баҳсу баррасӣ намуд. Ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба равандҳои мухталиф дар манотиқи гуногуни сайёра хатару таҳдидҳои амниятии имрӯзаро ҷиддӣ арзёбӣ карданд ва қабули Стратегияи нави Аврупоро дар минтақа, ки имконияти бештареро барои ҳамкории Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам хоҳад овард, муҳим ва саривақтӣ хонданд.
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавзуоти марбут ба хатарҳои гурӯҳҳои экстремистию террористиро муҳокима карда, роҳҳои ҳамкории зичтарро ба хотири пешгирии амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткор баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо дар атрофи вазъи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва назорати сарҳад, аз ҷумла имконияти тақвияти ҳамкориҳо дар ин бахш низ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин, ҳайатҳоҳо пиромуни дигар чолишҳои муосир, аз қабили оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва чолишҳои вобаста ба муҳити зист ибрози андеша карданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода, ки дар ин Муколама Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, дар мавзуоти рӯзномаи ҷаласа муфассал суханронӣ намуда, хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористро дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон зикр кард ва фикру пешниҳодоти кишварро дар амри беҳтар намудани муқовимати якҷоя бо чунин хатарҳо иброз дошт.
Масъулони Осиёи Марказӣ омодагии кишварҳояшонро барои бозидани нақши бештар дар раванди сулҳу субот ва рушди Афғонистон изҳор дошта, имконияти ҳамкории зичтар миёни Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистонро зикр карданд.
Муколамаи мазкур зери раисии Муовини дабири кулли Хадамоти аврупои амалиёти берунаи Иттиҳоди Аврупо Жан Кристоф Беляр баргузор гардид.

(Visited 1 times, 1 visits today)