Муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

18 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел бо мақсади ҳарчи хубтар шинос намудани аҳли ҷаласаи ҷаҳонӣ бо масоили рушди Тоҷикистон ҳайати баландпояи кишвар иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигарон дар маросими муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар чаҳорчӯбаи Конфронси Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Иттиҳоди Аврупо: Расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор” ширкат варзиданд.

Дар конфронс роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳои узви Иттиҳод, ниҳодҳои мухталифи масъули масоили рушд дар Иттиҳоди Аврупо, масъулони Шӯрои Аврупо, Комиссияи Аврупо, Хадамоти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, сафирон ва намояндагони кишварҳо, ташкилотҳои таҳқиқотии мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ байниҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд. Раванди баррасии домандоре гирди масоили афзалиятнок ва авлавиятдори рушди Тоҷикистон, самтҳои асосии он ва роҳҳои татбиқи он бо саъю талоши кишвар ва мадади ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Конфронсро бо суханронии ифтитоҳӣ Намояндаи Ҷумҳурии Словакия дар назди Иттиҳоди Аврупо сафир Питер Яворчик ҳусни оғоз бахшида, суханҳои ӯро Котиби давлатии Ҷумҳурии Словакия оид ба масоили рушд Лукаш Паризек идома дод. Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Словакия соли гузашта раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар ӯҳда дошт ва ҷараёни амалияи муаррифии Стратегияи миллии рушд ҳангоми раёсати ин кишвар оғоз шуда буд.

Пас аз он намояндаи Малта – кишвари дар Иттиҳоди Аврупо раисикунанда, Директори генералии масоили глобалӣ, рушди байналмилалӣ ва умури иқтисодии Вазорати умури хориҷии он кишвар Невил Акуллина ба зарурати ҳамгироии бештар дар мавзӯи конфронс – татбиқи Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистонро ҳамчун намунаи хуби навъи нави ҳамкориҳо баҳо дода, таъкиди кишвари раисикунандаро дар Аврупо ба ин санади муҳим ва ба кӯшишу талошҳо дар роҳи татбиқи он иброз дошт.

Директори генералии масоили рушд дар Иттиҳоди Аврупо Стефано Мансервиси ба омилҳои дар минтақаҳои хеле ҳассоси бо чолишҳои муосир рӯ ба рӯ ҷойгир шудаи Тоҷикистон ва зарурати расонидани кӯмаку мададҳои лозима барои пиёда намудани Ҳадафҳои Рушди Устувор таваҷҷуҳ кард.

Дар назди ҳозирин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов суханронӣ карда, изҳор намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолтарин ширкаткунандагони равандҳои глобалӣ, алалхусус дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор буда, он бо ормонҳои милливу ҳадафҳои муҳимтарини кишвари мо дар роҳи рушд ҳамоҳанг мебошад”.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, бо намунаву рақамҳои мушаххас умдатарин ҳадафҳои ин санади фарогирро шарҳу тафсир дод ва зарурати ҳамкориҳои муассирро дар ин ҷода бори дигар таъкид кард.

Дар мубоҳисаву мунозирои баъди муаррифии Стратегия суратгирифта намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар масоили чолишҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва ба вижа дар Тоҷикистон сухан ронда, авлавиятҳо ва заруратҳои таъйиду кӯмакро бо талошу кӯшишҳои миллӣ дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъкид намуданд.

Дар самти пеш бурдани ҷараёни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Тоҷикистон намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Латвия, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, Департаменти генералии рушди Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Оғохон ва дигарон ибрози назар намуданд.

(Visited 13 times, 1 visits today)