Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия

16 октябри соли 2017 дар Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди (Вазорати корҳои хориҷии) Подшоҳии Белгия дар шаҳри Брюссел аввалин ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия баргузор гашт.

Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Белгияро Директори генералии Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ оид ба равобити дуҷониба хонум Аник ван Калстер роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо масоили мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Махсусан ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, амният ва ғайра мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор гирифтанд.

Дар чорчӯбаи сафар ба шаҳри Брюссел вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҳусейнзода бо Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ивета Григуле барпо гардид, ки зимни он масъалаҳои рӯзномаи ҳамкориҳои ҷонибайн, аз ҷумла сафари қарибулвуқуъи ҳайати Парлумони Аврупо ба Душанбе, матраҳ гардиданд.

(Visited 5 times, 1 visits today)