Вохӯрӣ бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо

17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Худак вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои рушдиҳамкориҳои самараноки Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо муҳокима гардиданд.

Аз шарикии созандаи ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ба роҳбарияти бонки мазкур барои сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла “CASA-1000”, арзи сипос намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳои тарафайн ҳавасмандии амиқ баён кард.

Мусоҳибон ҳамчунин имконияти маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва рушди деҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

(Visited 6 times, 1 visits today)