Вохӯрии Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон бо гуруҳи вакилони Парлумони Аврупо

28 июни соли ҷорӣ дар бинои Парлумони Аврупо мулоқоти кории Сафир, Намояндаи доимии ҶТ дар Иттиҳоди Аврупо бо гуруҳи вакилони Парлумони Аврупо бо роҳбарии Раиси Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорфман баргузор гардида, ки дар он Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле ва дигар вакилони Парлумони Аврупо, ки ҳизбҳои мухталиф ва кишварҳои гуногун намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба иштирокчиён оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, қонунҳои либералии иктисодиву сармоягузорӣ, нақшаю барномаҳои Ҳукумати ҶТ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ахбороти муфассал пешкаш намуд. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин диққати иштирокчиёнро махсусан ба Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, пурқувват сохтани иқтидори сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар мубориза бо хатару чолишҳои муосир ҷалб намуд. Таваҷҷуҳи хоссаи хозирин ба мавзуи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва радикализатсияи ҷавонон дар асоси ақоиди динӣ ҷалб шуд, ки ҳамкории пурсамарии ду ҷониб оид ба масъалаҳои зикргардида ҳеле муҳим аст.

Сипас, Раиси Гурӯҳи дӯстӣ Ҳерберт Дорфман ва дигар вакилони Парлумони Аврупо ҷонибдории худро ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар самти таҳкими давлати демократӣ ва дунявӣ, пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин зарурати муттаҳид намудани саъю талошҳои дар мубориза алайҳи чолиш ва хатарҳои муосир дар Осиёи Марказӣ бо назардошти нақши калидии Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавӣ, иброз доштанд.

Мулоқот дар вазъи бисёр хуби ҳамдигарфаҳмӣ ва таъкиди зарурати амалҳои якҷоя фарҷом пазируфт.

(Visited 4 times, 1 visits today)