Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс бо Ректор – Президенти Донишгоҳи Лейден

8 июни соли 2017 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода бо Ректор – Президенти Донишгоҳи Лейдени Шоҳигарии Нидерланд профессор Карел Столкер баргузор гардид.

Донишгоҳи Лейден яке аз муассисаҳои таълимию тадқиқотии қадимтарин ва овозадор дар Аврупо ба ҳисоб меравад, ки он соли 1575 аз ҷониби Шоҳи Нидерланд Вилҳелм таъсис шуда буд. Дар ин донишгоҳ беҳтарин олимону файласуфону ҳунармандон, аз ҷумла Алберт Эйнштейн, Рене Декарт, Бенедикт Спиноза ва Ребрандт, донишомӯзию фаъолият намудаанд. То алҳол дар ин донишгоҳ аъзои оилаи подшоҳони Нидерланд таҳсил менамоянд.

Зимнан бояд гуфт, ки Донишгоҳ тӯли чанд қарн яке аз марказҳои обрӯманди ховаршиносӣ маҳсуб меёбад. Донишмандони он барои таҳқиқу чоп ва интишори осори гаронбаҳои мӯътабар ва маъруфи минтақаи Осиёи Марказӣ низ хидматҳои босазоеро анҷом додаанд ва табиист, ки ин бахш низ заминаи хуберо барои ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меоварад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои барпо намудани ҳамкориҳоро миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Ҳамчунин имконияти ҳамкориҳо аз тариқи мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар Донишгоҳи Лейден баррасӣ гардиданд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафир бо Директори иҷроияи Пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Лейден оид ба тадқиқоти минтақавӣ (The Leiden University Institute for Area Studies) профессор Франк Пайк баргузор гардид. Пажӯҳишгоҳи мазкур таърих, дин, фарҳанг, забон ва вазъи минтақавии Осиёро меомӯзад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо пас аз баррасӣ намудани масъалаҳои илму маориф, қарор карданд, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи муқаддамотии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Лейден ва муассисаҳои таълимию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, пас аз баррасӣ ба имзо хоҳад расид.

(Visited 4 times, 1 visits today)