Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Брюссел

23 сентябри соли 2019 дар толори Ҷамъияти шоҳаншоҳии адабиёт ва фарҳанги Подшоҳии Белгия зиёфати расмии пуршукӯҳе ба ифтихори таҷлили 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони Парлумони Аврупо ва масъулони ниҳодҳои дигари он, намояндагони расмиии Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Брюссел, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО ва аъзои диаспораи тоҷикони кишварҳои Бенилюкс дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Эркинхон Раҳматуллозода бо суханроние, ки пешрафту дастовардҳои соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тӯли 28 соли Истиқлол васф кард, баромад намуд. Намояндаи доимӣ дар бораи равандҳои мусоиди минтақавӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва кӯшишҳои глобалии он сухан ронд ва тавсеа ёфтани доираи ҳамкориҳои мо бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои мавриди масъулиятро бо ишора ба иқдомоти мушаххаси солҳои охир зикр кард.

Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан сухани худро бо паёми табрикии Иттиҳоди Аврупо ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он оғоз намуд ва суботу оромии кишвар ва дастовардҳои беназири онро мояи истиқбол номид. Номбурда аз нақши пешбари Тоҷикистон дар масоили умдаи глобалӣ, аз қабили мавзӯоти марбут ба об ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ёдовар шуд ва бо зикри музокироти созандааш бо масъулони кишвар, ҳамкориҳои рӯ ба густариши Тоҷикистону Аврупоро барои пешрафти минтақаи мо ва рушди умум муҳим хонд.

Ҷашни бошукӯҳи Истиқлол, ки дар худ вазифаи муаррифии миллати кӯҳанбунёди тоҷикро низ таҷассум мекард, тарғибгари фарҳангу арзишҳои волои мардуми мо гардид.      

Алалхусус, фазои айвони ин бинои таърихӣ, ки бо расмҳо, намунаи ҳунарҳои миллӣ, сӯзаниҳо, асбобу анҷомҳои фарҳангӣ ва китобу брошюраҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ороиш дода шуда буд, симои зебо ва имкониятҳои мухталифи сайёҳию иқтисодии Тоҷикистонро ба маърази тамошо гузошт.

Дар ин зиёфати расмӣ сабти видеоии паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наворҳои таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлол дар пойтахти кишвар ва мавзеъҳои дилчаспи ватанамон ва таомҳои гуногуни миллӣ пешниҳоди меҳмонони чорабинӣ карда шуд, ки ҳозиринро бо фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадимаи миллати тоҷик ошно карданд.

(Visited 1 times, 1 visits today)