Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави кишварҳои Бенилюкс иқомат доранд, мерасонад, ки 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорат воқеъ дар шаҳри Брюссел, Boulevard General Jacques 16, 1050, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бинобар ин аз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори хоҳиш мешавад, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Тафсилоти бештарро дар ин хусус метавон аз сомонаи расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.kmir.tj пайдо кард.

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия.

Телефон ва нишонаи электронӣ барои тамос:

Тел.: (+32) 2 640 69 33 E-mail: tajembbrussels@mfa.tj

(Visited 1 times, 1 visits today)